чавгон

чавгон
I
[چوگان]
1. чӯбдастаи саркаҷ, ки бо он дар чавгонбозӣ гӯйро мезананд
2. бозии чавгон, бозии гӯй ва чавгон, чавгонбозӣ
3. маҷ. хамида, дуто, кӯж, мунҳанӣ
4. чӯбе, ки бо он нақора, дуҳул мезананд, чӯбдасти дуҳулнавозӣ ва нақоразанӣ: чавгони табл
5. ҳар гуна чӯбдастаи саркаҷ ва хамида; аз зулф чавгон сохтан сари зулфро печу тоб додан, сари зулфро хам кардан; аз хами чавгон берун шудан раҳо шудан, озодӣ ёфтан, халосӣ пайдо кардан; ба чавгон афтодан асиру гирифтор шудан; насиб ва баҳраи касе шудан; ба чавгон андохтан бо чавгон задан, тавассути чавгон партоб кардан; ба чавгоне касе ё чизе гӯй будан мутеъ ва фармонбардори касе ё чизе шудан, дар асирӣ ва сарпанҷаи қудрати касе будан; ба чавгон гирифтан а) гӯйро бо чавгон боздоштан; б) маҷ. ба даст овардан, боздоштан; дар чавгони касе гаштан дар итоату тасарруфи касе будан; дар хами чавгон фикандан ром кардан, ба фармон овардан, мутеъ кардан; дар хами чавгони касе (чизе) будан (мондан) ба фармони касе будан (шудан), мутеъ ва фармонбардори касе будан (шудан), асиру ромгаштаи касе будан (шудан); гӯй дар чавгон фикандан касеро касеро ба мурод расонидан, касеро ба муваффақият ноил кардан; захм аз чавгони касе хӯрдан аз касе осебу азият дидан, азобу машаққати касеро таҳаммул кардан; қадди касеро чавгон кардан маҷ. пир кардан касеро, қомати касеро дуто кардан; чавгони (сари) зулф ҳалқаи сари зулф, хамидагии сари зулф; чавгони зар а) чавгони тиллоӣ, чавгони заррин; б) киноя аз шамшеру теғ; чавгони каҳрабоӣ а) чавгони зардранг; б) киноя аз моҳтоб, моҳи ҳилол чавгони мушкин а) чавгони сиёҳранг; б) киноя аз зулфу гесӯи анбарин; чавгони сунбул киноя аз зулфу гесӯи маҳбуба; захми чавгон зарбаи чавгон; чавгони симин киноя аз моҳтоб, моҳи ҳилол; фалаки чавгонӣ фалаки бозигар, дунёи ҳиласоз, чархи каҷрафтор
II
[چوگان]
:чавгони бед гули (шукуфаи) бед
III
[چوگان]
номи яке аз оҳангҳои мусиқӣ

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужно сделать НИР?

Полезное


Смотреть что такое "чавгон" в других словарях:

  • чавгонӣ — [چوگاني] 1. мансуб ба чавгон; муносиб ва мувофиқ ба чавгон; аспи чавгонӣ аспе, ки барои чавгонбозӣ муносиб аст 2. хамида, дуто, мунҳанӣ, хамгашта …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гӯй — I (гӯ) [گوي // گو] 1. асоси замони ҳозираи феъли фармоиш аз гуфтан; гӯ! // бигӯ! гап зан! 2. ҷузъи пасини калимаҳои мураккаб ба маънои гӯянда: азонгӯй, бадгӯ, насиҳатгӯй, сухангӯ II [گوي] 1. кулӯлаи аз ресмон ё чӯб сохташуда, ки бо чавгон бозӣ… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • чавгонзан — [چوگان زن] воридкунандаи зарба бо чавгон; он ки бо чавгон зарба мезанад, чавгонбоз …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • чавгонмонанд — [چوگان مانند] монанд ба чавгон, чӯби мисли чавгон саркаҷ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гол — I [گال] кит 1. гурезиш, гурехтан 2. овози баланд II [گال] англ. варз. холи бурд, ки дар бозии футбол, чавгон, хоккей ва ғ. баъди аз дарвоза гузаронидани тӯб ҳисоб мешавад …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • паҳна — I [پهنه] арса, соҳат, майдон; паҳнаи корзор арсаи ҷанг, майдони муҳориба II [پهنه] варз 1. кафчае, ки бо он гӯй бозӣ мекунанд, чӯбдасти кафчадор барои гӯйбозӣ (тӯббозӣ), навъе аз чавгон 2. лавозимоти бозии тенниси рӯимизӣ (ракетка) …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • савлаҷон — [صوله جان] кит. муарраби чавгон ◊ сар аз савлаҷони касе тобидан саркашӣ кардан, итоат накардан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • чавгонбоз — [چوگان باز] бозингари чавгон, касе, ки чавгонбозӣ мекунад; фалаки чавгонбоз; сипеҳри чавгонбоз маҷ. дунёи рангоранги чорагар, чархи каҷрафтору ҳилагар …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • чавгонбозӣ — [چوگان بازي] бозии чавгон; яке аз бозиҳои қадим аст, ки дар Эронзамин пайдо шуда, тадриҷан ба кишварҳои дигари Осиё ва Аврупо интишор ёфтааст ва ҳоло дар барномаи бозиҳои тобистонаи олимпӣ низ (бо номи хоккеи рӯи алаф) дохил аст …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • чавгонпараст — [چوگان پرست] 1. касе, ки шавқу ҳаваси беандоза ба чавгон дорад 2. киноя аз олам, дунё, чарх, сипеҳр аст, ки бозингариву нопойдорӣ сифати он бошад; чархи чавгонпараст …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»